Дар ҷаласаи Гурӯҳи кории байнулмилалӣ масъалаи маблағгузорӣ ба фаъолияти минбаъдаи АНМН баррасӣ шуд

Date:


Душанбе. 133-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар чаҳорчӯбаи амалисозии Лоиҳаи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таҳти унвони «АНМН – Марҳилаи


II


» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байнулмилалӣ баргузор шуд.




Тибқи иттилои расида аз АНМН, дар кори ҷаласа мақомоти раҳбарии агентӣ, ҳамоҳангсозони лоиҳаву барномаҳои намояндагии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, кормандони масъули сафорати ИМА дар Тоҷикистон ширкат варзида, масоили ҷараёни иҷрои чорабиниҳои марбут ба шартҳои пардохти бурсҳои АНМН дар нимсолаи аввали соли 2009 баррасӣ шуданд ва нақшаи маблағгузорӣ ба лоиҳа дар нимсолаи дуввум таҳия гардид.

 




Мувофиқи маълумоти агентӣ, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа маблағгузории таъсиси воҳидҳои АНМН дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоби ВМКБ, ташкили озмоишгоҳи ташхиси судӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, оғози корҳои таъсиси Маркази миллии хадамоти кинологӣ, маблағгузории фаъолияти намояндагии АНМН дар вилояти Тахори Афғонистон, ҳалли масъалаи бозомӯзии кормандони агентӣ ва мусоидат ба таъмини агентӣ бо таҷҳизотӣ техникӣ ба нақша гирифта шуд.



Зикр гардид, ки Гурӯҳи кории байнулмилалӣ афзоиши маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолияти АНМН-ро мусбат арзёбӣ намуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...