Дар ҷаласаи Гурӯҳи кории байнулмилалӣ масъалаи маблағгузорӣ ба фаъолияти минбаъдаи АНМН баррасӣ шуд

Душанбе. 133-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар чаҳорчӯбаи амалисозии Лоиҳаи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таҳти унвони «АНМН – Марҳилаи II » дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байнулмилалӣ баргузор шуд. Тибқи иттилои расида аз АНМН, дар кори ҷаласа мақомоти раҳбарии агентӣ, ҳамоҳангсозони лоиҳаву […]

Виктория Наумова


Душанбе. 133-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар чаҳорчӯбаи амалисозии Лоиҳаи Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таҳти унвони «АНМН – Марҳилаи


II


» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байнулмилалӣ баргузор шуд.




Тибқи иттилои расида аз АНМН, дар кори ҷаласа мақомоти раҳбарии агентӣ, ҳамоҳангсозони лоиҳаву барномаҳои намояндагии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, кормандони масъули сафорати ИМА дар Тоҷикистон ширкат варзида, масоили ҷараёни иҷрои чорабиниҳои марбут ба шартҳои пардохти бурсҳои АНМН дар нимсолаи аввали соли 2009 баррасӣ шуданд ва нақшаи маблағгузорӣ ба лоиҳа дар нимсолаи дуввум таҳия гардид.

 




Мувофиқи маълумоти агентӣ, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа маблағгузории таъсиси воҳидҳои АНМН дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоби ВМКБ, ташкили озмоишгоҳи ташхиси судӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, оғози корҳои таъсиси Маркази миллии хадамоти кинологӣ, маблағгузории фаъолияти намояндагии АНМН дар вилояти Тахори Афғонистон, ҳалли масъалаи бозомӯзии кормандони агентӣ ва мусоидат ба таъмини агентӣ бо таҷҳизотӣ техникӣ ба нақша гирифта шуд.



Зикр гардид, ки Гурӯҳи кории байнулмилалӣ афзоиши маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолияти АНМН-ро мусбат арзёбӣ намуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.