Дар озмуни ниҳоии «Маҳсулоти беҳтарини ҶТ» вилояти Суғдро 16 ғолибони озмуни вилоятӣ намояндагӣ мекунанд

Date:



           

Душанбе. 20-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд аз давраи озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини ҶТ» натиҷагирӣ карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар бахши «Маҳсулот ва ҳунари миллӣ» А.Ҳусейнов (тайёр кардани корд), М. Яҳёев (устои чӯб) аз Истаравшан, С.Деҳқонов (маҳсулот аз чӯб) аз ноҳияи Исафра, Ф.Назирова (зардӯзӣ) аз ноҳияи Панҷакент ва А.Болтуев (маҳсулоти кулолӣ) аз шаҳри Хуҷанд ғолиби озмун дониста шуданд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар бахши «Маҳсулоти ғизоӣ» корхонаи истеҳсоли шири «Молодая радост»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи истеҳсоли ҳасиби «Ҳасиби Темруиён» (Хуҷанд), ҶСК «Евроазия» оид ба истеҳсоли машрубот ва нӯшокиҳои ташнашикан (Чкаловск), корхонаи коркарди меваи хушки «Тоҷикфрукт» (Исфара), корхонаи истеҳсоли винои «Парандис» (Панҷакент), корхонаи истеҳсоли оби минералии «Зарбед» (Конибодом) мақоми аввалро ишғол намуданд. «Дар бахши «маҳсулоти саноатӣ» КМ «Ҷавонӣ (Хуҷанд), ҶСП «Сатн» (Хуҷанд), ҶДММ «Алфапет» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва ҶДММ «Қолинҳои Суғд» (Қайроққум) пирӯзӣ ба даст оварданд», – гуфт манбаъ.




           

Корхонаҳои зикргардида рӯзҳои наздик вилояти Суғдро дар давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарин» дар шаҳри Душанбе намояндагӣ хоҳанд кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...