Дар озмуни ниҳоии «Маҳсулоти беҳтарини ҶТ» вилояти Суғдро 16 ғолибони озмуни вилоятӣ намояндагӣ мекунанд

            Душанбе. 20-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд аз давраи озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини ҶТ» натиҷагирӣ карданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар бахши «Маҳсулот ва ҳунари миллӣ» А.Ҳусейнов (тайёр кардани корд), М. Яҳёев (устои чӯб) аз Истаравшан, С.Деҳқонов (маҳсулот аз чӯб) аз […]

Мавлуда Рафиева



           

Душанбе. 20-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд аз давраи озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини ҶТ» натиҷагирӣ карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар бахши «Маҳсулот ва ҳунари миллӣ» А.Ҳусейнов (тайёр кардани корд), М. Яҳёев (устои чӯб) аз Истаравшан, С.Деҳқонов (маҳсулот аз чӯб) аз ноҳияи Исафра, Ф.Назирова (зардӯзӣ) аз ноҳияи Панҷакент ва А.Болтуев (маҳсулоти кулолӣ) аз шаҳри Хуҷанд ғолиби озмун дониста шуданд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар бахши «Маҳсулоти ғизоӣ» корхонаи истеҳсоли шири «Молодая радост»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи истеҳсоли ҳасиби «Ҳасиби Темруиён» (Хуҷанд), ҶСК «Евроазия» оид ба истеҳсоли машрубот ва нӯшокиҳои ташнашикан (Чкаловск), корхонаи коркарди меваи хушки «Тоҷикфрукт» (Исфара), корхонаи истеҳсоли винои «Парандис» (Панҷакент), корхонаи истеҳсоли оби минералии «Зарбед» (Конибодом) мақоми аввалро ишғол намуданд. «Дар бахши «маҳсулоти саноатӣ» КМ «Ҷавонӣ (Хуҷанд), ҶСП «Сатн» (Хуҷанд), ҶДММ «Алфапет» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва ҶДММ «Қолинҳои Суғд» (Қайроққум) пирӯзӣ ба даст оварданд», – гуфт манбаъ.




           

Корхонаҳои зикргардида рӯзҳои наздик вилояти Суғдро дар давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарин» дар шаҳри Душанбе намояндагӣ хоҳанд кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.