Вазири маорифи ҷумҳурӣ бо намунаҳои ихтирооти донишҷӯёни фаъоли макотиби олии пойтахт шинос гардид

Date:



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов бо донишҷӯёни фаъоли макотиби олии пойтахт мулоқот орост.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, зимни мулоқот донишҷӯёни фаъол фикру ақида ва лоиҳаҳои худро ба вазир пешниҳод сохтанд, ки ӯ онҳоро мусбат арзёбӣ намуд. «Зимни гуфтугӯи ошкор донишҷӯён ба вазир ҳамчунин аз мушкилоти ҷойдоштаи худ низ ибрози назар намуданд», – гуфт манбаъ.




           

Дар чаҳорчӯбаи вохӯрӣ А.Раҳмонов аз намоишгоҳи намунаҳои ихтирооти донишҷӯён боздид кард. Дар фарҷоми мулоқот ҳамаи донишҷӯён бо ифтихорномаҳои вазорат сарфароз гардонида шуда, муаллифони ду ихтирооти беҳтарин ба маблағи 500 сомонӣ ҳар кадоме бо мукофоти пулӣ қадронӣ шуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...