Иттиҳоди Аврупо ва БРСММ ба марзбонони тоҷик ба маблағи ҳудуди 69 ҳазор Евро таҷҳизот тақдим мекунанд

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе маросими расмии ба марзбонони тоҷик супурдани таҷҳизоти тафтиши шиносномаҳои хориҷӣ доир мегардад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Барномаи рушдии СММ иттилоъ доданд, дар вазъи тантанавӣ ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ 16 таҷҳизоти тафтиши шиносномаҳои хориҷӣ, 12 таҷҳизоти тафтиши ҳақиқӣ будани […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе маросими расмии ба марзбонони тоҷик супурдани таҷҳизоти тафтиши шиносномаҳои хориҷӣ доир мегардад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Барномаи рушдии СММ иттилоъ доданд, дар вазъи тантанавӣ ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ 16 таҷҳизоти тафтиши шиносномаҳои хориҷӣ, 12 таҷҳизоти тафтиши ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин ду таҷҳизоти назорати видеоӣ тақдим карда мешаванд. «Маблағи умумии кӯмаки техникӣ ҳудуди 69 ҳазор Евроро ташкил медиҳад», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, кӯмак дар чаҳорчӯбаи Барномаи мусоидат ба идоракунии марзҳо ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ шудаву онро Барномаи рушди СММ татбиқ месозад, ҷудо мегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.