Сафари сарвари давлат ба вилояти Суғд

            Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари панҷрӯза озими вилояти Суғд шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар сарвари давлат бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақа аз наздик ошно гардида, дар чорабиниҳои идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати […]

Мавҷуда Ҳасанова/Мавлуда Рафиева



           

Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари панҷрӯза озими вилояти Суғд шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар сарвари давлат бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақа аз наздик ошно гардида, дар чорабиниҳои идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ширкат хоҳад варзид.




           

Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ иштирок мекунанд. Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази барқарорсозии бемориҳои дилу раг дар шаҳри Хуҷанд ширкат хоҳад варзид.




           

Бино ба иттилои сарчашма, президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи ҶДММ «Ширкати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» дар шаҳраки Олтин Топкан (Қайроққум), майдони варзишӣ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд, чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, литсейи президентӣ дар шаҳри Чкаловск, корхонаи ресандагӣ дар ҶДММ «Нику Хуҷанд», маркази хизматгузории маишии «Файз» ва ҶСК «Суғдагросервис» дар ноҳияи Спитамен, мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Ғончӣ низ иштирок карда, бо ҷараёни сохтмони хати баландшиддати барқи «Ҷануб-Шимол» аз наздик шинос мешавад. Ба ҷуз иншооти номбаршуда, дар қаламрави шаҳру навоҳии вилояти Суғд боз 150 иншооти таъиноти фарҳангиву иҷтимоӣ, нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.




           

Ёдрас мекунем, ки соли равон чорабиниҳои асосии ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд баргузор мешаванд.



Сафари сарвари давлат ба вилояти Суғд то 28-уми июн идома меёбад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.