Пешгӯии БҶ: Соли 2010 суръати афзоиши иқтисод дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамагӣ 1,6 фоизро ташкил медиҳад

            Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид мегардад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии умумии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба андозаи 4,7 фоиз коҳиш ёфта, соли 2010 афзоиши иқтисод ҳамагӣ 1,6 фоизро ташкил медиҳад.             Дар гузориш зикр мегардад, ки соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Украина – 9, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид мегардад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии умумии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба андозаи 4,7 фоиз коҳиш ёфта, соли 2010 афзоиши иқтисод ҳамагӣ 1,6 фоизро ташкил медиҳад.





           

Дар гузориш зикр мегардад, ки соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Украина – 9, Русия – 7,5, Молдова ва Тоҷикистон – 3, Белорус – 3,3 ва Қазоқистон – 1,5 фоиз коҳиш меёбад. «Дар ҳамин ҳол, дар як қатор кишварҳои минтақа ММД ба қадри ночиз афзуда, ин нишондиҳанда дар Озарбойҷон – ба 3,3, Ӯзбекистон – 4,5 ва Гурҷистон 1 фоиз бробар хоҳад буд», – омадааст дар гузориш.




           

Тибқи маълумоти гузориши мазкур, соли 2010 солимгардии иқтисод боиси афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳамаи кишварҳои минтақа гардида, ин нишондиҳанда дар Русия – 2,5, Белорус – 2,6, Украина – 1, Озарбоҷон – 5,2 ва Ӯзбекистон – 5,0 фоизро ташкил хоҳад дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.