ВКД нисбат ба аъмоли созмондиҳандагони ширкати шабакавии «Invite to try» парвандаи ҷиноӣ боз кард

Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воридшавии аризаҳои ҷабрдидагон аз фаъолияти гурӯҳи фиребгарон, ки худро корманди ширкати шабакавии «Invite to try» муаррифӣ месохтанд, идома дорад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, созмондиҳандагони ширкати шабакавии низоми маркетингӣ се сокини ноҳияи Шаҳринав – Фирӯза Ниёзова, Сотихон Каримов ва […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воридшавии аризаҳои ҷабрдидагон аз фаъолияти гурӯҳи фиребгарон, ки худро корманди ширкати шабакавии «Invite to try» муаррифӣ месохтанд, идома дорад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, созмондиҳандагони ширкати шабакавии низоми маркетингӣ се сокини ноҳияи Шаҳринав – Фирӯза Ниёзова, Сотихон Каримов ва Шералӣ Азимов ва ду сокини ноҳияи Ваҳдат – Замрра Хоҷаева ва Маҳбуба Мӯсоева мебошанд, ки ба боварии одамон даромада, онҳоро ба «тиҷорат»-и худ ҷалб мекарданд. «Шахсони ҷалбшударо зарур буд, ки маблағҳои худро ба тиҷорат гузошта, боз касони дигарро ҷалб намоянд ва сипас даромади ҳангуфтро интизор шаванд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз аз панҷ нафар ҷабрдидагон, ки ба «тиҷорат» 70 ҳазор $ маблағгузорӣ кардаанд, аризаҳо ворид шудаанд. «Ҳамаи созмондиҳандагони ин «тиҷорат» боздошт шуда, нисбат ба аъмоли онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», – афзуд манбаъ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.