Шабонарӯзи гузашта дар се садамаи нақлиёт дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд

Date:


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта дар се садамаи нақлиёт дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ноҳияи Истаравшан автомашинаи «Опел-Астра» ба автомашинаи навъи ГАЗ-3302 бархӯрда, дар натиҷа ронандаи «Опел-Астра» ва се мусофири он ба ҳалокат расидаанд. «Худи ҳамон рӯз ҳангоми ҳаракат аз Кӯлоб ба самти ноҳияи Шӯрообод ронандаи автомашинаи ГАЗ-53 Бегалӣ Қурбонов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, он чаппа мешавад ва дар натиҷа худи ронанда ва ду мусофири он ҳалок мешаванд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ноҳияи Сарбанд автомашинаи навъи «Чанху» ба автомашинаи МАЗ бархӯрда, мусофири «Чанху» дар роҳи интиқол ба беморхона фавтидааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...