Шабонарӯзи гузашта дар се садамаи нақлиёт дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта дар се садамаи нақлиёт дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ноҳияи Истаравшан автомашинаи «Опел-Астра» ба автомашинаи навъи ГАЗ-3302 бархӯрда, дар натиҷа ронандаи «Опел-Астра» ва се мусофири он ба ҳалокат расидаанд. «Худи […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта дар се садамаи нақлиёт дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ноҳияи Истаравшан автомашинаи «Опел-Астра» ба автомашинаи навъи ГАЗ-3302 бархӯрда, дар натиҷа ронандаи «Опел-Астра» ва се мусофири он ба ҳалокат расидаанд. «Худи ҳамон рӯз ҳангоми ҳаракат аз Кӯлоб ба самти ноҳияи Шӯрообод ронандаи автомашинаи ГАЗ-53 Бегалӣ Қурбонов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, он чаппа мешавад ва дар натиҷа худи ронанда ва ду мусофири он ҳалок мешаванд», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ноҳияи Сарбанд автомашинаи навъи «Чанху» ба автомашинаи МАЗ бархӯрда, мусофири «Чанху» дар роҳи интиқол ба беморхона фавтидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.