Тоҷикистон миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи афзоиши қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ мақоми дуввумро ишғол кар

Date:


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи афзоиши қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ мақоми дуввумро ишғол кард. Дар ин бора ширкати иттилооти «БелаПАН»-и Белорус иттилоъ медиҳад.




Мувофиқи маълумоти БелаПАН, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 27,47 дарсад (аз 3,4519 то 4,4 сомонӣ) афзудааст.



Дар нимсолаи аввал қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори милӣ дар Белорус ба миқдори – 28,95, Қазоқистон – 24,54, Арманистон – 17,39, Қирғизистон – 9,8, Молдова – 8,11, Русия – 6,5, Ӯзбекистон – 6,4, Латвия – 1,21, Литва – 0,55 ва Озрбойҷон – 0,39 дарсад афзудааст. Дар Туркманистон қурби доллари ИМА тағйир наёфтааст (2,85 манат).



Дар ин давра дар Эстония қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ ба андозаи – 0,05, Гурҷистон – 0,55 ва Украина – 0,91 дарсад коҳиш ёфтааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...