Дар Душанбе мушкилоти драматургияи муосири тоҷик дар давраи бӯҳрони молӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе мушкилоти драматургияи муосири тоҷик дар давраи бӯҳрони молӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов иттилоъ дод, ба ин муносибат аз ҷониби муассисаи давлатии «Баҳори аҷам»-и тобеъи вазорат таҳти унвони «Драматургияи муосири тоҷик – назарҳо ва […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе мушкилоти драматургияи муосири тоҷик дар давраи бӯҳрони молӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов иттилоъ дод, ба ин муносибат аз ҷониби муассисаи давлатии «Баҳори аҷам»-и тобеъи вазорат таҳти унвони «Драматургияи муосири тоҷик – назарҳо ва пешиҳодҳо» мизи мудаввар созмон дода шуда, дар он драматургони шинохтаи тоҷик Нур Табаров, Низом Нурҷонов, Давлат Убайдуллоев ва Мирзоватан Миров бобати беҳбуди сифати намоишҳои театрӣ, басаҳнагузории асарҳои нав ва ғайра пешниҳодоти мушаххас кардаанд.



«Аз ҷумла, онҳо пешниҳод карданд, ки барои драматургони ҷавон курсҳои махсуси омӯзишӣ ва барои муаллифони ҷавон озмунҳо ташкил карда шаванд», – гуфтанд дар вазорати фарҳанг.



Қобили зикр аст, ки дар кори мизи мудаввар муаллифони намоишҳо, таҳлилгарон, мунаққидон, сарварони театрҳо, аз ҷумла, театрҳои ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва Душанбе, коршиносон ва аъзои Шӯрои бадеии Вазоарти фарҳанги ҶТ ширкат варзиданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.