Дар Душанбе ҷаласаи Шӯро оид ба корҳои ҷавонони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад

Date:



           

Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 3-4-уми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯро оид ба корҳои ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар ҷаласа лоиҳаи Стратегияи ҳамкории байнулмилалии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Беларус таҳия гардидааст, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.




           

Бино ба иттилои манбаъ, муқаррароти Стратегия ба баланд бардоштани сатҳи худогоҳии миллӣ ва шаҳрвандии ҷавонон, таҳаммулпазирӣ, фаъолияти густардаи зеҳниву эҷодӣ ва варзишӣ равона шудааст. «Дар лоиҳа роҳандозии чорабиниҳои такмил ва ҷорӣ сохтани фановариҳои ҷадид зимни кор бо ҷавонон, нигаҳдорӣ ва афзудани мероси фарҳангии мардум ва барқарор сохтани робитаи мустаҳками фарҳангӣ ва дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои узви ИДМ пешбинӣ шудааст», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки дар робита бо соли 2009-ро Соли ҷавонон дар ИДМ эълон намудан, иштирокдорони ҷаласа оид ба андешидан ва баргузории чорабиниҳо ба ин муносибат дар кишварҳояшон низ табодули афкор хоҳанд кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...