Дар ноҳияи Панҷ ду нафар сарбозони нерӯҳои марзбонӣ бо маводи мухаддир боздошт шуданд

Date:



           

Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ду нафар сарбозони нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 30-юми июн дар қаламрави ноҳияи Панҷ ду сарбози қисми ҳарбии 2610-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ – Ҳоким Мирзоев аз ноҳияи Восеъ ва Мансурҷон Шукуров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо


340 грамм

ҳашиш боздошт шудаанд. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд», – афзуд манбаъ.




           

Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 300 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, 1 тоннаву 249 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...