ВАО-и ҷумҳурӣ Ситоди зиддибӯҳронии журналистонро таъсис доданианд

            Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад – Тоҷикистон таҳти унвони «ВАО дар шароити бӯҳрони молӣ» мизи мудаввар ба кор шурӯъ кард. Дар кори мизи мудаввар намояндагони васоити ахбори умуми митақаҳои ҷумҳурӣ, коршиносон ва олимон ширкат меварзанд.             Дар суханронии […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад – Тоҷикистон таҳти унвони «ВАО дар шароити бӯҳрони молӣ» мизи мудаввар ба кор шурӯъ кард. Дар кори мизи мудаввар намояндагони васоити ахбори умуми митақаҳои ҷумҳурӣ, коршиносон ва олимон ширкат меварзанд.





           

Дар суханронии ифтитоҳии худ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов изҳор дошт, ки дар давоми рӯз масоили ба ҳадди камтарин расонидани таъсири оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба ВАО-и Тоҷикистон ва стратегияи дастгирии ВАО дар шароити бӯҳрон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.




           

Номбурда гуфт, аз рӯи натиҷаҳои мизи мудаввар қабули изҳороти ВАО-и кишвар ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди дастгирии ВАО дар давраи бӯҳрони молӣ ба нақша гирифта шудааст. «Мо ният дорем Ситоди зиддибӯҳроии журналистони Тоҷикистонро низ таъсис диҳем», – афзуд А.Сатторов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.