Дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии Эрон доир мегардад

Date:



           

Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 6-уми июл бо дастгирии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии Эрон доир мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, намоишгоҳ бо ташаббуси вазорати мазкур дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Вазорати илм, таҳқиқот ва маорифи ҶИЭ ва ҳамчунин ширкати эронии «Иртиботсозӣ» созмон дода мешавад. «Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ рушду густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ миёни доираҳои илмии Тоҷикистону Эрон ва шиносоии наздики мардуми тоҷик бо дастовардҳои илмии Эрон аст», – гуфтанд дар вазорат.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ дастовардҳои илмии муосир, таҷҳизот ва фановариҳои ҷадиди 40 озмоишгоҳи муассисаҳои илмии Эрон, дастовардҳои илмии қароргоҳҳои техникӣ, марказҳои илмӣ ва китобхонаҳои электронии ин кишвар пешкаши тамошобинон хоҳанд шуд. «Дар кори серӯзаи намоишгоҳ зиёда аз 100 намояндагони доираҳои илмӣ, кормандони Вазорати маориф, роҳбарони мактабҳои олӣ, олимон ва коршиносони Эрон иштирок хоҳанд кард», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...