Дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии Эрон доир мегардад

            Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 6-уми июл бо дастгирии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии Эрон доир мегардад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, намоишгоҳ бо ташаббуси вазорати мазкур дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Вазорати илм, таҳқиқот ва […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 6-уми июл бо дастгирии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии Эрон доир мегардад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, намоишгоҳ бо ташаббуси вазорати мазкур дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Вазорати илм, таҳқиқот ва маорифи ҶИЭ ва ҳамчунин ширкати эронии «Иртиботсозӣ» созмон дода мешавад. «Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ рушду густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ миёни доираҳои илмии Тоҷикистону Эрон ва шиносоии наздики мардуми тоҷик бо дастовардҳои илмии Эрон аст», – гуфтанд дар вазорат.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ дастовардҳои илмии муосир, таҷҳизот ва фановариҳои ҷадиди 40 озмоишгоҳи муассисаҳои илмии Эрон, дастовардҳои илмии қароргоҳҳои техникӣ, марказҳои илмӣ ва китобхонаҳои электронии ин кишвар пешкаши тамошобинон хоҳанд шуд. «Дар кори серӯзаи намоишгоҳ зиёда аз 100 намояндагони доираҳои илмӣ, кормандони Вазорати маориф, роҳбарони мактабҳои олӣ, олимон ва коршиносони Эрон иштирок хоҳанд кард», – афзуд манбаъ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.