Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар миёни Хадамоти гумруки ҶТ ва ширкати озарбойҷонии
R
.
I
.
S
.
K
барои таҳияи Низоми ягонаи иттилоотии худкор ба маблағи 16 млн. $ қарордод ба имзо расид. Санад дар доираи Лоиҳаи таҷдид ва рушди зерсохтори хадамоти гумрук, ки айни замон амалӣ мегардаду аз ҷониби Бонки рушди Осиё маблағгузорӣ карда мешавад, ба тасвиб расид. Дар маросими имзои қарордод намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ширкат варзид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» корманди масъули робита бо ҷомеаи Бонки рушди Осиё дар ҶТ Татяна Евстифеева иттилоъ дод, қарордоди мазкур аз бузургтарин қарордодест, ки бо ин маблағ дар Хадамоти гумруки ҶТ ба имзо расидааст. «Бо амалисозии лоиҳаи мазкур Бонки рушди Осиё дастгирии ислоҳот ва таҷдиди зерсохтори хадамоти гумруки кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар чаҳорчӯбаи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ идома медиҳад ва он ба беҳбуди самаранокӣ ва шаффофияти фаъолият, суръат бахшидан ба раванди ислоҳот дар ин соҳа, соддакунии тартиботи гумрукӣ, мусоидат ба рушди тиҷорати минтақавӣ ва пешбурди ҳамкории гумрукии минтақавӣ равона гардидааст», – гуфт ӯ.


