Комиссияи Аврупо барои роҳандозии фаъолияти «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон 150 ҳазор Евро маблағ ҷудо кард

            Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Аврупо барои роҳандозии фаъолияти «Равзанаи ягона»-и бақайдгирӣ дар Тоҷикистон 150 ҳазор Евро маблағ ҷудо кард.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, маблағи мазкур барои харидории серверҳо, низоми алоқа барои интиқоли маълумот ва таҷҳизоти гуногун, ки ба пайвасти маркази […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Аврупо барои роҳандозии фаъолияти «Равзанаи ягона»-и бақайдгирӣ дар Тоҷикистон 150 ҳазор Евро маблағ ҷудо кард.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, маблағи мазкур барои харидории серверҳо, низоми алоқа барои интиқоли маълумот ва таҷҳизоти гуногун, ки ба пайвасти маркази захираи маълумот бо дигар дафтарҳои «Равзанаи ягона» имкон фароҳам месозад, масраф мегардад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, минбаъд Комиссияи Аврупо коршиносони байнулмилалӣ ва маҳаллиро барои кор бо Кумитаи андози ҶТ баҳри банақшагирӣ ва амалисозии низоми «Равзанаи ягона» ва таҳияи воситаҳои ҳал тавассути алоқаи электронӣ ҷалб хоҳад кард.




           

Низоми «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон аз 1-уми июл ҷорӣ гардида, ин лоиҳа ба Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки ба меъёрҳои байнулмилалии бақайдгирии корхонаҳо муваффақ гардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.