Душанбе, 4 июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имр
ӯ
з дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе даври интихобии озмуни овозхонони
ҷ
авони То
ҷ
икистон барои иштирок дар Озмуни байналхалқии овозхонони «Пан
ҷ
ситораи интервизион» баргузор мегардад.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар озмун овозхонони алоҳида ва дастаҳои ҳунар
ӣ
аз
ҷ
умла Абил Файзов, Алишер Темуров, Ален, Меҳринигори Рустам, Раҳимбек Боқиев, Кирилл Қамбаров, дастаи ҳунарии «Шестой такт»,
Ҷ
онибек Муродов, Суман Қурбонова, Комрон Сиддиқов, Юлия Багданавичуте ва дигарон ширкат меварзанд.
Бино ба иттилои радиои Озодӣ, ба ин давр 10 довталаби ҷавон, ки аз қабл барои ширкат дархостҳои худро фиристоданд, роҳ ёфтаанд. Дар ин озмун овозхонони аз сини 16 то 30 сола ҳақи ширкат доранд. Гурӯҳи навозандагони онҳо набояд бештар аз 5 нафар бошад. Озмуни “Панҷ Ситора” дар охири моҳи август дар Душанбе баргузор мешавад. Озмунро маъмулан дар ватани ғолиби як соли пеш баргузор мекунанд. Соли гузашта ин пирузӣ насиби Таҳмина Ниёзова шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари давраи интихобии озмун Толиб Норов иттилоъ дод, ба ҳайати доварон муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов, муовини ӯ – Қудратулло Яҳёев, роҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан» Баҳодур Неъматов,
роҳбари ансамбли «Дарё»-и назди Кумиати телевизиону радиои ҶТ, оҳангсоз Саидқул Билолов ва сарвари барномаҳои радиои «Азия-Плюс» Парвона Аҳрорӣ шомил гардиданд.


