Ален Абилфайзов Тоҷикистонро дар озмуни «Панҷ ситораи интервизион» намояндагӣ мекунад

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои давраи интихобии озмуни «Панҷ ситораи интервизион», ки рӯзи 4-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Ален Абилфайзов ҳуқуқ пайдо кард, ки Тоҷикистонро дар ин озмун намояндагӣ кунад.             Бино ба иттилои раиси ҳакамони озмун – муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, А.Абилфайзов миёни иштирокчиён […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои давраи интихобии озмуни «Панҷ ситораи интервизион», ки рӯзи 4-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Ален Абилфайзов ҳуқуқ пайдо кард, ки Тоҷикистонро дар ин озмун намояндагӣ кунад.





           

Бино ба иттилои раиси ҳакамони озмун – муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, А.Абилфайзов миёни иштирокчиён аз ҳама холи баланд – 96 баллро соҳиб шудааст. Айни замон ӯ дар маркази прдюсерии «Фарҳанг» ба фаъолият машғул буда, оянда ният дорад албоми сурудҳои худро ба мухлисонаш пешкаш намояд.




           

Қобили зикр аст, ки дар давраи интихобӣ мақоми дуввумро наттоқи радиои «Азия-Плюс» Кирилл Комбаров ишғол намуда, ҷойи саввумро ҳакамон ба Юлия Богданавичуте сазовор донистанд.



Ба ҳайати доварон муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов, муовини ӯ – Қудратулло Яҳёев, роҳбари ансамбли «Сипар» Умар Зиёев,

 

овозхони ансамбли «Авеста» Таҳмина Рамазонова ва сарвари барномаҳои радиои «Азия-Плюс» Парвона Аҳрорӣ шомил гардида буданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.