Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони баландпояи ҳукумати Русия мулоқот кард

             Душанбе. 6-уми июл – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 июл Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Сечин ва Вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюковро ба ҳузур пазируфт.                  Дар мулоқот масоили омодагӣ ба сафари пешомади кории Перзиденти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва ҳарбӣ-техникии ду […]

root



            



Душанбе. 6-уми июл – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 июл Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Сечин ва Вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюковро ба ҳузур пазируфт.





    


           

Дар мулоқот масоили омодагӣ ба сафари пешомади кории Перзиденти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва ҳарбӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.




               

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили анҷоми пурра ва босифати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва дар ҳузури сарони ду давлат ба истифода супурдани он зоҳир гардид.




               

Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла омодасозии кадрҳои низомии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.




               

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои иҷтимоӣ – сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.