Сокини Душанбе бо ҳудуди 15 кило маводи мухаддир боздошт шуд

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони мақомоти милисаи пойтахт ҳудуди 15 кило маводи мухаддирро ошкор ва мусодира карданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дирӯз дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини пойтахт – Ҷумъабек Абдураҳимовро бо […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони мақомоти милисаи пойтахт ҳудуди 15 кило маводи мухаддирро ошкор ва мусодира карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дирӯз дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Душанбе кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини пойтахт – Ҷумъабек Абдураҳимовро бо ҳудуди 15 кило маводи мухаддири афюн боздошт намуданд. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд», – афзуд манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 300 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор шуда, 1 тоннаву 249 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.