Рӯзҳои истироҳати гузашта аз муносибати беэҳтиётона бо ноқилҳои нерӯи барқ якчанд наврасон дар ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахиран ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо таҷҳизоту дастгоҳ ва ноқилҳои хати нерӯи барқ зиёд мешавад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 4-уми июл дар ноҳияи Фархор наврас Шамсиддин Пиров сими дар замин […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахиран ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо таҷҳизоту дастгоҳ ва ноқилҳои хати нерӯи барқ зиёд мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 4-уми июл дар ноҳияи Фархор наврас Шамсиддин Пиров сими дар замин хобидаи хати интиқоли барқро бардоштанӣ шуда, аз зарбаи шиддати барқ ба ҳалокат мерасад. «Рӯзи 5-уми июл дар ноҳияи Носири Хисрав Мирсаид Лолаеви 25-сола ҳангоми чаронидани чорво телефони мобилиро ба сими хати интиқоли барқ пайваст карданӣ шуда, ӯ низ аз зарбаи нерӯи барқ ба ҳалокат мерасад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Восеъ низ наврас Муродов Сӯҳроб ба болои панҷараи назди хонаашон баромада, тасодуфан ҷисмаш ба сими барқ мерасад ва аз зарбаи он ҳалок мешавад. «Ҳамчунин рӯзи 5-уми июл дар ноҳияи Спитамен ноболиғ Холмирзоев Ғолиб ба симчӯби баландиаш


18 метр

баромада, бо сабабҳои номаълум аз он ба замин меафтад ва аз ҷароҳатҳои бардошта дар роҳи интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст», – афзуданд дар ВКД ҶТ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.