Дар макотиби олии ҷумҳурӣ таҳсил дар шӯъбаҳои ғоибонаи ғайриомӯзгорӣ 50 дарсад коҳиш дода мешавад

Date:



           

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон мавсими қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба макотиби олӣ шурӯъ шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷа ва ояндабинӣ дар соҳаи маорифи Вазоарти маорифи ҶТ Фатҳиддин Исмонов иттилоъ дод, соли равон макотиби олии ҷумҳурӣ омодаанд 28 ҳазор нафар донишҷӯёнро қабул созанд. «Сарфи назар аз 50 дарсад коҳиш додани шумори донишҷӯён дар шӯъбаҳои ғайриомӯзгорӣ, шумори ҷойи таҳсил дар макотиби олӣ кам карда нашуд, зеро дар аксари онҳо шӯъбаҳои нав кушода шуданд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи номбурда, соли ҷорӣ барои таҳсил дар гурӯҳҳои буҷавӣ зиёда аз 11 ҳазор ва гурӯҳҳои шартномавӣ ҳудуди 17 ҳазор ҷойи таҳсил пешбинӣ шудааст. «Имсол синфи 11-и макотиби таҳсилоти умумии кишварро 84 ҳазору 309 хонанда ва синфи 9-умро 153,7 ҳазор нафар толибилмон хатм карданд», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...