Дар ҷануби Тоҷикистон қароргоҳи бузурги ҷанговарони афғон нест карда шуд

            Душанбе.4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –   Рӯзи 2-юми июл марзбонони тоҷик дар наздикии сарҳади Афғонистон қароргоҳи бузурги ҷанговарони афғонро ошкор ва нест карданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, қароргоҳ дар дараи Шпилоби наздикии деҳаи Шатрови ноҳияи Шӯрообод воқеъ буд. «Дар ҷараёни […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе.4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Рӯзи 2-юми июл марзбонони тоҷик дар наздикии сарҳади Афғонистон қароргоҳи бузурги ҷанговарони афғонро ошкор ва нест карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, қароргоҳ дар дараи Шпилоби наздикии деҳаи Шатрови ноҳияи Шӯрообод воқеъ буд. «Дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси нест кардани қароргоҳи ҷанговарон ду нафар афғонӣ кушта шуда, ба зиёда аз 200 нафар муяссар шуд, ки ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ баранд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар қароргоҳ пинҳонгоҳҳои дорои 100 ҷуфт сарулибос, хаймаву кампалҳо, зиёда аз 200 адад асбобу анҷоми хӯроктайёркунӣ, беш аз 350 кило маводи мухаддири гуногун, 6,5 ҳазор дона тири андозаи гуногун ва 11 адад силоҳи оташфишон дарёфт шудаанд. «Ғайр аз ин дар дара бангдонаи ҳиндӣ парвариш ёфта, марзбонон 11 ҳазор бех ниҳоли нашъаоварро ошкор ва нобуд сохтанд», – афзуд манбаъ.




           

Зикр гардид, ки айни замон ин мавзеъ мавриди ҷустуҷӯи марзбонон қарор гирифтааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.