Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Аврупо барои роҳандозии фаъолияти «Равзанаи ягона»-и бақайдгирӣ дар Тоҷикистон 150 ҳазор Евро маблағ ҷудо кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, маблағи мазкур барои харидории серверҳо, низоми алоқа барои интиқоли маълумот ва таҷҳизоти гуногун, ки ба пайвасти маркази захираи маълумот бо дигар дафтарҳои «Равзанаи ягона» имкон фароҳам месозад, масраф мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, минбаъд Комиссияи Аврупо коршиносони байнулмилалӣ ва маҳаллиро барои кор бо Кумитаи андози ҶТ баҳри банақшагирӣ ва амалисозии низоми «Равзанаи ягона» ва таҳияи воситаҳои ҳал тавассути алоқаи электронӣ ҷалб хоҳад кард.
Низоми «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон аз 1-уми июл ҷорӣ гардида, ин лоиҳа ба Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки ба меъёрҳои байнулмилалии бақайдгирии корхонаҳо муваффақ гардад.


