Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии омори ҶТ Мерган Шаҳбозов изҳор дошт, ки айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон беш аз 7,5 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 73 дарсади он дар манотиқи деҳот зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, моҳи августи соли ҷорӣ шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба 7,6 млн. ва аввалҳои соли 2010 метавонад ба 8 млн. нафар расад. «Суръати афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 2,1-2,2 фоизро ташкил дода, зиёда аз 50 фоизи аҳолии кишвар шахсони аз 50-сола поён мебошанд», – таъкид сохт ӯ.
Номбурда инчунин гуфт, феълан дар хориҷи кишвар на бештар аз 400 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик кору зиндагӣ доранд. «Тибқи маълумоти чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ, шумори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зиёда аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад, вале ин нишондиҳанда ба ҳақиқат рост намеояд, зеро Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба мо мунтазам дар ин хусус маълумот пешниҳод месозад», – изҳор дошт вай.
М.Шаҳбозов ҳамчунин афзуд, агар дар шаш моҳи соли гузашта маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ватан 1 млрд. 250 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, дар ҳамин давраи соли равон ҳаҷми он ба миқдори 50 фоиз коҳиш ёфтааст.



