Корманди масъули бахши низомии сафорати Фаронса дар ҶТ изҳороти ҷонибдорони собиқ сарвари КВДҲ «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоевро рад месозад


Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Изҳороти ҷонибдорони собиқ сарвари КВДҲ «Тоҷик Эйр», ки рӯзи 30-юми июни соли ҷорӣ дар сомонаи ОИ «Азия-Плюс» интишор гардид ва дар он гуфта мешавад, ки бо ташаббуси ӯ (Ҳ.Тиллоев) ва дастгирии сарвари давлат нерӯҳои маҳдуди низомии мустақар дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе баҳри таҷдиду таъмири майдони парози фурудгоҳ ва ободонии қаламрави он маблағи зиёд ҷудо кардаанду худи мутахассисони фаронсавӣ ин маблағҳоро аз худ кардаанд, асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» корманди масъули бахши низомии сафорати Фаронса дар ҶТ Стефан Самаран иттилоъ дод.




Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин изҳороти онҳо дар бораи он, ки гӯё то сари мансаб омадани Ҳ.Тиллоев нерӯҳои низомии фаронсавӣ дар фурудгоҳи Душанбе таври ройгон ҷойгир шуда буданд, низ ба ҳақиқат рост намеояд. «Ҳанӯз солҳои 2004-2005, яъне то сари мансаб омадани Ҳ.Тиллоев, нерӯҳои Фаронса ба ивази ба таври ройгон мустақар шудан дар фурудгоҳ корҳои таъмиру таҷдиди майдони парвози фурудгоҳро оғоз карда буданд», – афзуд С.Самаран.


spot_imgspot_img

Популярное