Корманди масъули бахши низомии сафорати Фаронса дар ҶТ изҳороти ҷонибдорони собиқ сарвари КВДҲ «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоевро рад месозад

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Изҳороти ҷонибдорони собиқ сарвари КВДҲ «Тоҷик Эйр», ки рӯзи 30-юми июни соли ҷорӣ дар сомонаи ОИ «Азия-Плюс» интишор гардид ва дар он гуфта мешавад, ки бо ташаббуси ӯ (Ҳ.Тиллоев) ва дастгирии сарвари давлат нерӯҳои маҳдуди низомии мустақар дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе баҳри таҷдиду таъмири майдони парози фурудгоҳ ва ободонии […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Изҳороти ҷонибдорони собиқ сарвари КВДҲ «Тоҷик Эйр», ки рӯзи 30-юми июни соли ҷорӣ дар сомонаи ОИ «Азия-Плюс» интишор гардид ва дар он гуфта мешавад, ки бо ташаббуси ӯ (Ҳ.Тиллоев) ва дастгирии сарвари давлат нерӯҳои маҳдуди низомии мустақар дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе баҳри таҷдиду таъмири майдони парози фурудгоҳ ва ободонии қаламрави он маблағи зиёд ҷудо кардаанду худи мутахассисони фаронсавӣ ин маблағҳоро аз худ кардаанд, асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» корманди масъули бахши низомии сафорати Фаронса дар ҶТ Стефан Самаран иттилоъ дод.




Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин изҳороти онҳо дар бораи он, ки гӯё то сари мансаб омадани Ҳ.Тиллоев нерӯҳои низомии фаронсавӣ дар фурудгоҳи Душанбе таври ройгон ҷойгир шуда буданд, низ ба ҳақиқат рост намеояд. «Ҳанӯз солҳои 2004-2005, яъне то сари мансаб омадани Ҳ.Тиллоев, нерӯҳои Фаронса ба ивази ба таври ройгон мустақар шудан дар фурудгоҳ корҳои таъмиру таҷдиди майдони парвози фурудгоҳро оғоз карда буданд», – афзуд С.Самаран.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.