Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи нави Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (
JICA
) – Лоиҳаи пешниҳоди идрорпулӣ барои омодасозоии кадрҳо (
JDS
) ва барномаи кӯмаки бебозгашти ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон рӯзи 3-юми август гурӯҳи аввали хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ баҳри таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода мешаванд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии
JICA
дар ҶТ иттилоъ доданд, дар доираи амалисозии лоиҳаи
JDS
муддати чаҳор сол ҳукумати Ҷопон ният дорад, дар кори тайёр кардани кадрҳо аз Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад. Бурси мазкур барои омӯзиш ва такмили ихтисоси хизмтчиёни давлатӣ аз Вазорати умури хориҷӣ, молия ва рушди иқтисоду савдои ҶТ равона мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур ба маблағи умумии ҳудуди 1,5 млн. $ барои чаҳор сол пешбинӣ гардида, дар ҷараёни татибқи он 20 мутахассиси тоҷик дар аспирантураи донишгоҳҳои Ҷопон муддати ду солӣ таҳсил мекунанд.


