Гурӯҳи аввалини хизматчиёни давлатӣ баҳри таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода мешаванд

Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи нави Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ ( JICA ) – Лоиҳаи пешниҳоди идрорпулӣ барои омодасозоии кадрҳо ( JDS ) ва барномаи кӯмаки бебозгашти ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон рӯзи 3-юми август гурӯҳи аввали хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ баҳри таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода мешаванд. Чӣ тавре […]


Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи нави Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (


JICA


) – Лоиҳаи пешниҳоди идрорпулӣ барои омодасозоии кадрҳо (


JDS


) ва барномаи кӯмаки бебозгашти ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон рӯзи 3-юми август гурӯҳи аввали хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ баҳри таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода мешаванд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии


JICA


дар ҶТ иттилоъ доданд, дар доираи амалисозии лоиҳаи


JDS


муддати чаҳор сол ҳукумати Ҷопон ният дорад, дар кори тайёр кардани кадрҳо аз Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад. Бурси мазкур барои омӯзиш ва такмили ихтисоси хизмтчиёни давлатӣ аз Вазорати умури хориҷӣ, молия ва рушди иқтисоду савдои ҶТ равона мегардад.



Бино ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур ба маблағи умумии ҳудуди 1,5 млн. $ барои чаҳор сол пешбинӣ гардида, дар ҷараёни татибқи он 20 мутахассиси тоҷик дар аспирантураи донишгоҳҳои Ҷопон муддати ду солӣ таҳсил мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.