ҶСК «Тоҷиктелеком» сафҳои худро аз мутахассисони ғайрикасбӣ тоза мекунад

Date:



           

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Тоҷиктелеком» сафҳои худро аз мутахассисони ғайриҳирфаӣ тоза мекунад.





           

Зимни як нишасти матбуотӣ раиси шӯрои мудирони ҶСК «Тоҷиктелеком», муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров изҳор дошт, ки айни замон дар ҷамъият ҳудуди 4 ҳазор нафар машғули коранд, ки 60 дарсади онҳо мутахассиони ғайриҳирфаӣ – филологҳо, журналистон, иқтисодчиён, ҳуқуқшиносон ва ғайра мебошанд. «Барои фаъолияти ҶСК «Тоҷиктелеком» 1 ҳазор мутахассис басанда аст», – гуфт ӯ.




           

Номбурда гуфт, «корхона кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки шахсони ихтисоршуда бекор намонанд, вале барои ҷамъият мутахассисони баландихтисос заруранд ва мо дигар «аз рӯи занги телфон» шахсонро ба кор қабул карданӣ нестем».




           

Дар нищшасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки вазорат ният дорад, ҳаҷми маоши коргарони ҶСК «Тоҷиктелеком»-ро афзуда, онро то 400 $ ё баландтар аз он расонад.




           

Ба гуфтаи Зуҳуров, мақомоти раҳбарии корхона хароҷоти нақлиёт ва дигар хароҷоти роҳбарони шӯъбаҳо дар ноҳияҳоро, ки дар як сол 10 ҳазор доллари ИМА-ро ташшил медоданд, коҳиш дода, онҳоро бо велосипедҳоои арзишашон 100 $ таъмин кардааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...