ҲНИТ даъват ба амал овард, ки мушкилоти мавҷуда тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтушунид ҳал карда шавад

            Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи мавҷуда дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми ҷаласа изҳорот қабул гардида, дар он гуфта мешавад, ба ҷуз таъсири бӯҳрони молӣ, ин кишварҳо бо мушкилоти дигаре мувоҷеҳ мегарданд, ки он ба […]



           

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи мавҷуда дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми ҷаласа изҳорот қабул гардида, дар он гуфта мешавад, ба ҷуз таъсири бӯҳрони молӣ, ин кишварҳо бо мушкилоти дигаре мувоҷеҳ мегарданд, ки он ба рушди минтақа таъсир манфӣ мегузорад. «Минтақаи мазкур ҳамеша барои кишварҳои абарқудрат аҳамияти стратегӣ дошта, мавриди таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии фаромиллӣ аст, ки ба суботи минтақа манфиатдор нестанд ва аз ин рӯ, онҳо бо роҳу воситаҳои гуногун кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазъи минтақаро ноором созанд», – гуфта мешавад дар изҳорот.





           

Дар идомаи изҳорот чунин баён мегардад: «Тоҷикистон дар маркази минтақа воқеъ буда, барои чанде аз кишварҳо ва гурӯҳҳо аввалин «нишони нақшаҳои геополитикӣ» аст. Дар гузаштаи начандон дур дар Тоҷикистон маҳз бо таъсири омили берунӣ даргириҳо ба вуқӯъ пайваста, ахиран сулҳу субот барқарор шуд, вале на ҳама инро қабул доранд ва гурӯҳҳои ҷудогона вазъро ноором карданианд. Сарфи назар аз мақоми иҷтимоӣ, бархе ба хотири мақсадҳои тамаъҷӯёнаи худ, ки онро аз манфиатҳои милливу давлатӣ боло мегузоранд, ба густариши чунин равандҳои номатлуб мусоидат менамоянд».




           

Ҳамчунин дар изҳорот гуфта мешавад, ҲНИТ ба чунин рӯйдодҳо бетараф буда наметавонад ва гузашта аз ин, чунин мешуморад, ки таъмини субот дар минтақа натанҳо вазифаи истисноии ҳокимияти расмӣ, балки вазифаи дигар қишрҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа аст. Намояндагони ҲНИТ мӯътақиданд, ки ин иқдом бояд танҳо бо роҳи қонунӣ сурат гирад ё ба ибораи дигар «таҷриба гувоҳи он аст, ки истифодаи нерӯи низомӣ ҳатто дар чаҳорчӯбаи қонун дар шароити Тоҷикистон пурсамар нахоҳад буд ва мо дар ҳалли ин масъала мебояд аз таҷрибаи сулҳофаринии хеш, муколамаву ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтушунид истифода кунем». «Дар марҳилаи кунунӣ эътимод ва эътирофи мутақобила, шаффофият дар муносибот аз ҳама муҳимтар аст», – омадааст дар изҳорот.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.