Бонки исломии рушд баҳри сармоягузории хурди лоиҳаҳо дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон зиёда аз 10,3 млн. $ маблағ ҷудо кард

Date:



           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки исломии рушд баҳри сармоягузории хурди лоиҳаҳо дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон ҷудо кардани 10 млн. $ маблағ ва бурси кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми 330 ҳазор доллари ИМА-ро маъқул шуморид.





           

Тибқи иттилои интишорнамудаи дафтари асосии кории бонк дар шаҳри Ҷидда, ҳадафи аслии табиқи лоиҳа – дастгирии кӯшишоти ҳукумати ҶТ барои ноил гардидан ба рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ тавассути афзоиши мизони дастрасии аҳолӣ ба хизматгузориҳои пешниҳоди қарзҳои хурд ва мусоидат ба рушди тарзи пешниҳоду пардохти қарзҳо мутобиқи қоидаҳои шариати исломӣ аст.




           

Дар иттилоъ гуфта мешавад, соли гузашта коршиносони бонк таҳқиқот доир намуда, ошкор сохтаанд, ки хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (фермерӣ) ба хизматгузориҳои муассисаҳои молиявии пешниҳоди қарзҳои хур дастрасии маҳдуд доранд.




           

Дар хабари бонк, ҳамчунин зикр мегардад, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба баланд шудани

 

сатҳи некӯаҳволии қишри камбизоати аҳолӣ, густариши пешниҳоди қарзҳои молиявии хурд мутобиқи қоидаҳои шариати ислом ва рушди соҳибкории хурд мусоидат хоҳад кард, ки дар навбати худ, ба зиёд шудани ҷойҳои корӣ боис мегардад.




           

Коршиносони бонк бар ин назаранд, ки татбиқи лоиҳа имконоти шуғли занонро низ тавсеъа мебахшад, зеро 50 дарсади маблағи қарз ба занон пешниҳод хоҳад шуд. Дар иттилоъ гуфта мешавад, арзиши умумии лоиҳа 2 млн. 80 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...