Бонки исломии рушд баҳри сармоягузории хурди лоиҳаҳо дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон зиёда аз 10,3 млн. $ маблағ ҷудо кард

            Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки исломии рушд баҳри сармоягузории хурди лоиҳаҳо дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон ҷудо кардани 10 млн. $ маблағ ва бурси кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми 330 ҳазор доллари ИМА-ро маъқул шуморид.             Тибқи иттилои интишорнамудаи дафтари асосии кории бонк дар шаҳри Ҷидда, ҳадафи аслии табиқи лоиҳа – дастгирии кӯшишоти ҳукумати […]



           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки исломии рушд баҳри сармоягузории хурди лоиҳаҳо дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон ҷудо кардани 10 млн. $ маблағ ва бурси кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми 330 ҳазор доллари ИМА-ро маъқул шуморид.





           

Тибқи иттилои интишорнамудаи дафтари асосии кории бонк дар шаҳри Ҷидда, ҳадафи аслии табиқи лоиҳа – дастгирии кӯшишоти ҳукумати ҶТ барои ноил гардидан ба рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ тавассути афзоиши мизони дастрасии аҳолӣ ба хизматгузориҳои пешниҳоди қарзҳои хурд ва мусоидат ба рушди тарзи пешниҳоду пардохти қарзҳо мутобиқи қоидаҳои шариати исломӣ аст.




           

Дар иттилоъ гуфта мешавад, соли гузашта коршиносони бонк таҳқиқот доир намуда, ошкор сохтаанд, ки хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (фермерӣ) ба хизматгузориҳои муассисаҳои молиявии пешниҳоди қарзҳои хур дастрасии маҳдуд доранд.




           

Дар хабари бонк, ҳамчунин зикр мегардад, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба баланд шудани

 

сатҳи некӯаҳволии қишри камбизоати аҳолӣ, густариши пешниҳоди қарзҳои молиявии хурд мутобиқи қоидаҳои шариати ислом ва рушди соҳибкории хурд мусоидат хоҳад кард, ки дар навбати худ, ба зиёд шудани ҷойҳои корӣ боис мегардад.




           

Коршиносони бонк бар ин назаранд, ки татбиқи лоиҳа имконоти шуғли занонро низ тавсеъа мебахшад, зеро 50 дарсади маблағи қарз ба занон пешниҳод хоҳад шуд. Дар иттилоъ гуфта мешавад, арзиши умумии лоиҳа 2 млн. 80 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.