Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқот бо рӯзноманигорон сарвари КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев изҳор дошт, ки ҳашароти зараровари малах дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра нобуд карда шуда, он то ҳанӯз дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд мавҷуд аст. «Соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар ҷумҳурӣ 99 ҳазору 735 гектарро ташкил дод ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта он ба зиёда аз 114 ҳазор гектар баробар буд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ғаниев, соли гузашта баҳри мубориза бо ҳамлаи малах ҳудуди 35 ҳазор ва имсол 23 ҳазор литр заҳрҳои кимиёвӣ истифода гардида, бо назардошти тавсияҳои олимони соҳа дар давраи ҳанӯз пайдошавии онҳо чораҳои муассири мубориза андешида шуданд, ки самараи хуб додааст. «Аз ин рӯ, соли равон ҳуҷуми малахҳо ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ хисороти назаррасе ворид насохтааст», – изҳор дошт номбурда.
Дар мавриди вазъ дар соли оянда Ғаниев гуфт, макони зиёди тухмгузории ин ҳашарот саривақт мавриди коркарди кимиёвӣ қарор дода шудаааст. «Соли оянда ният дорем, ки ҷараёни зуҳури малах дар ҷумҳуриро боз то 30 дарсад коҳиш диҳем», – афзуд вай.


