Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор вафоти шаҳрвандон сабт шуд

            Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ 15 993 ҳодисаи вафоти шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд ва ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ба 16, 4 ҳазор нафар баробар буд.             Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ вазири адлияи […]



           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ 15 993 ҳодисаи вафоти шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд ва ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ба 16, 4 ҳазор нафар баробар буд.





           

Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ вазири адлияи ҶТ Бахтиёр Худоёров изҳор дошт, ки дар ин давра 41,4 ҳазор маросими ақди никоҳ сабт шуда, ин шумора дар ҳамин давраи соли гузашта муодили 45,4 ҳазор буд.




           

Ба гуфтаи Б.Худоёров, дар ин давра мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ зиёда аз 185 ҳазор аснодро ба қайд гирифта, идораҳои нотариалии давлатӣ беш аз 212,8 ҳазор амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд. «Барои амалиётҳои нотариалии ба расмият даровардашуда аз тарафи нотриусони давлатӣ ба маблағи ҳудуди 7 млн. 363 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 1,67 млн. $) боҷи давлатӣ ба буҷаи давлат ситонида шуд», – афзуд вазири адлияи ҶТ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.