Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Феълан дар муассисаи ислоҳотии рақами 8-и шаҳри Норак 247 занону духтарон ба сар мебаранд.
Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қимматгул Аллабердиева изҳор дошт, ки синнусоли занони маҳбус аз 14 то 74-соларо ташкил дода, аз нисф камтари онҳо духтарони ҷавон ва занони миёнсол мебошанд.
Қ.Аллабердиева гуфт, кумита тасмим гирифтааст, соли оянда аз ҳисоби яке аз бурсҳои президентӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, ки ҳамасола ба кумита ҷудо мегардад, корҳои ҷалби занони маҳбус ба парвариши сабзавот дар қитъаи замини назди муассисаро ба роҳ монад.


