То 1-уми октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон пурра қарзи худро барои истифодаи газ ба Ӯзбакистон пардохт карданист

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – То 1-уми октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон пурра қарзи худро барои истифодаи газ дар ҳаҷми 16 млн. $   ба Ӯзбакистон пардохт карданист.             Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов изҳор дошт, ки реҷаи давра ба давра пардохт намудани қарз аз ҷониби мутахассисони корхона омода […]



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – То 1-уми октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон пурра қарзи худро барои истифодаи газ дар ҳаҷми 16 млн.


$



 

ба Ӯзбакистон пардохт карданист.





           

Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов изҳор дошт, ки реҷаи давра ба давра пардохт намудани қарз аз ҷониби мутахассисони корхона омода гардида, онро ҳукумат тасдиқ кардааст. «Қарзи мазкур аз моҳи январи соли ҷорӣ бар асари аз ҷониби истифодабарандагон, пеш аз ҳама ШСХК «Барқи тоҷик», корхонаи «Тоҷиксемент», «Сомонсуғдгаз» ва ширкати «Талко» пардохт нашудани ҳаққи истифодаи газ ҷамъ шуд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи С.Шарофиддинов, феълан аз кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурӣ дар як соат то 35 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода мешавад, вале ба иллати бӯҳрони молӣ ва афзудани арзиши газ дар аввали соли равон корхонаҳо ҳаҷми истифодаи онро коҳиш додаанд. «Аз 530 млн. метри мукааб гази тибқи нақша пешбинишуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 133 млн. метри мукааб газ интиқол дода шуд», – афзуд раиси ҶСК «тоҷиктрансгаз».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.