Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир сокини ноҳияи Ҳисор боздошт гардид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, зимни тафтиши ҳуҷҷатҳо ва азназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав сокини ноҳияи Ҳисор Гулбибӣ Иброҳимова боздошт гардида, пас аз муоинаи тиббӣ дар дохили меъдаи ӯ 4 контейнери дорои
408 грамм
ҳероин ошкор гардидааст.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.



