Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ҳудуди 1,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад камтар аст.             Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор дошт, ки сабаби коҳиши истеҳсоли […]



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад камтар аст.





           

Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор дошт, ки сабаби коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ – ҳарчи бештар захира кардани

 

об дар обанбори Норак мебошад.




           

Муовини вазир гуфт, бо мақсади таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ ШСХК «Барқи тоҷик» дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз хориҷи кишвар ва ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар ҳаҷми ҳудуди 1,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ харидорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,98 млн. кВт/соат бештар аст.



«Дар ин давра аз Ӯзбекистон – 255,5, Туркманистон – 667,76, Қазоқистон – 88,34 ва Қирғизистон – 7,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба ҷумҳурӣ ворид гардида, аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 773,07 млн. кВт/саот нерӯи барқ харидорӣ гардид», – афзуд Ҳақдодов.





 


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.