Вазири кишоварзии ҶТ ва президенти ширкати бритониёии WIS масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов бо президенти ширкати бритониёии «

Wakefield


Inspection


Services

» (WIS) Питер Вейкфилд масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қобили зикр аст, ки бо дастгирии ширкати мазкур дар Тоҷикистон корхонаи муштараки ҶСК «Тоҷикистон-


WIS


» оид ба навъҳо ҷудо намудан ва муайян кардани сифати нахи пахта аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ таъсис дода шуд.





           

Пас аз мулоқот П.Вейкфилд гуфт, мақсади боздиди нахустини ӯ аз Тоҷикистон – таҳлили фаъолияти корхона ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷорисозии кори таҷҳизоти муосир дар корхона аст. «Бо мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоту фанновариҳои муосир имконоти ба навъҳо ҷудо кардан ва муайян сохтани сифати нахи пахта бамаротиб зиёд ва суръати кор тезонида мешавад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи П.Вейкфилд, ширкат дар 73 кишвари дунё намояндагиву шӯъбаҳо дошта, гувоҳномаи додаи он дар 99,9 дарсади ҳолатҳо эътироф карда мешавад.


spot_imgspot_img

Популярное