Пас аз гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ 50 ҳазор наврасони Тоҷикистон аз таҳсил дар канор мемонанд

            Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ (9-сола) 50 ҳазор наврасони Тоҷикистон аз таҳсил дар канор мемонанд.             Чанде қабл зимни як нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қимматгул Аллабердиева изҳор дошт, ки қисми бештари онҳоро духтарон ташкил дода, онҳо ё […]



           

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ (9-сола) 50 ҳазор наврасони Тоҷикистон аз таҳсил дар канор мемонанд.





           

Чанде қабл зимни як нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қимматгул Аллабердиева изҳор дошт, ки қисми бештари онҳоро духтарон ташкил дода, онҳо ё худашон хоҳиши идомаи таҳсилро надоранд ва ё волидайнашон ба таҳсили минбаъдаи онҳо монеъа мешаванд. «Бо мақсади омӯзиш масъалаи мазкур кумита дар ноҳияи Рӯдакӣ мониторинг доир сохта, дар натиҷа маълум шуд, ки сабаби аз идомаи таҳсил даст кашидани наврасон – вазъи бади иқтисодии оила, барвақт ба шавҳар баромадан ва сатҳи нокофии маърифатнокии худи духтрон ва волидайни онҳо аст», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Қ.Аллабердиева, айни замон дар макотиби олии ҷумҳурӣ беш аз 156 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 47 ҳазор ё худ зиёда аз 35 дарсадашро духтарон ташкил медиҳанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.