Ширкати «Ange Lighting»-и Чин ба Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. дона чароғҳои барқии каммасраф ворид месозад

Date:



           

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади иҷрои фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии истифодаи сарфаноки нерӯи барқ» ва таъмини зиёда аз 240 ҳазор оилаҳои камбизоати ҷумҳурӣ бо чароғҳои камммасрафи барқӣ, миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва ширкати «


Ange




Lighting


»-и Чин бобати аз ҷониби ин ширкат ворид сохтани ҳудуди 2 млн. дона чароғҳои каммасрафи барқӣ ба ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расид.

 






           

Зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки чор вагон бо чароғакҳои каммасрафи ин ширкати чиноӣ ба Тоҷикистон фиристода шуда, ояндаи наздик он миёни оилаҳои камбизоат тақсим мегардад. «Аҳолӣ пеш аз мӯҳлати муайяншудаи 1-уми октябр бо чароғҳои каммасраф таъмин гардида, ба ҳар як оила на камтар аз 8 чароғи каммасрафи барқӣ дода мешавад», – таъкид сохт вазир.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...