Вазорати молияи ҶТ дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ барои сармоягузорӣ ба 8 лоиҳа 172,2 млн. $ маблағ ҷалб карданист

            Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи ҶТ дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ барои сармоягузорӣ ба 8 лоиҳа 172,2 млн. $ маблағ ҷалб карданист.             Имрӯз зимни нишасти матуботӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик миёни вазорат ва Бонки рушди Осиё аз рӯи татбиқи лоиҳаи марҳилаи саввуми сохтмони роҳи […]



           

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи ҶТ дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ барои сармоягузорӣ ба 8 лоиҳа 172,2 млн. $ маблағ ҷалб карданист.





           

Имрӯз зимни нишасти матуботӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик миёни вазорат ва Бонки рушди Осиё аз рӯи татбиқи лоиҳаи марҳилаи саввуми сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар ба маблағи 20 млн. $ созишнома ба имзо хоҳад расид.




 

«Ғайр аз ин, лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба дастгирии буҷаи давлатӣ ба маблағи 25 млн. $ (бурси Иттиҳоди Аврупо), лоиҳаи сармоягузорӣ ба соҳаи коркарди пахта ва рушди бозор дар ҳаҷми 24 млн. $ (бурси Бонки рушди осиё), лоиҳаи сармоягузории иловагӣ ба «Лоиҳаи фавқулоддаи таъмини амнияти ғизоӣ ва воридоти тухмӣ» ба маблағи 6,2 млн. $ ва татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Данғара ба маблағи 49 млн. $ (қарзи Чин) дар ҳоли тасвиб қарор доранд», – гуфт ӯ.



С.Наҷмиддинов афзуд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 163 млн.


$




11 лоиҳаи сармоягузорӣ имзо расидааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...