Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи ҶТ дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ барои сармоягузорӣ ба 8 лоиҳа 172,2 млн. $ маблағ ҷалб карданист.
Имрӯз зимни нишасти матуботӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик миёни вазорат ва Бонки рушди Осиё аз рӯи татбиқи лоиҳаи марҳилаи саввуми сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар ба маблағи 20 млн. $ созишнома ба имзо хоҳад расид.
«Ғайр аз ин, лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба дастгирии буҷаи давлатӣ ба маблағи 25 млн. $ (бурси Иттиҳоди Аврупо), лоиҳаи сармоягузорӣ ба соҳаи коркарди пахта ва рушди бозор дар ҳаҷми 24 млн. $ (бурси Бонки рушди осиё), лоиҳаи сармоягузории иловагӣ ба «Лоиҳаи фавқулоддаи таъмини амнияти ғизоӣ ва воридоти тухмӣ» ба маблағи 6,2 млн. $ ва татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Данғара ба маблағи 49 млн. $ (қарзи Чин) дар ҳоли тасвиб қарор доранд», – гуфт ӯ.
С.Наҷмиддинов афзуд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 163 млн.
$
11 лоиҳаи сармоягузорӣ имзо расидааст.


