Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Натиҷаҳои озмуни кушоди таҳияи лоиҳаи сохтмони «Боғи умумишаҳрии фарҳангу истироҳат дар Душанбе» ҷамъбаст шуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, гурӯҳи муаллифон аз ҶДММ «Гипропром» ва ҶДММ «Пажӯҳишгоҳи илмии Синтзян» (Чин) бо пешниҳоди лоиҳа таҳти унвони «Фараҳ-1» ғолиби озмун дониста шуданд. «Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории Душанбе вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо муаллифони лоиҳа асноди зарурии интихоби пудратчии сохтмонро баҳри минбаъд пешниҳод сохтан ба Комиссияи тендерӣ омода созад», – гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Бино ба гуфтаи манбаъ, сохтмони боғи мазкур мувофиқи нақша бояд моҳи августи соли 2001 ба анҷом расад.


