Се ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рӯзҳои наздик қарзи худро дар назди «Амонатбонк» пурра пардохт хоҳанд кард

            Кӯлоб. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба 11 хоҷагии деҳқонии се ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то пардохти пурраи қарзи «Амонатбонк» ҳамагӣ 568 ҳазору 563 сомонӣ маблағ боқӣ мондааст, ки ин миқдор 7 дарсад аз ҳаҷми умумии қарзҳояшонро ташкил медиҳад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» агроном-коршиноси бонк Раҷабалӣ Кулабеков иттилоъ дод, соли […]



           

Кӯлоб. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба 11 хоҷагии деҳқонии се ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то пардохти пурраи қарзи «Амонатбонк» ҳамагӣ 568 ҳазору 563 сомонӣ маблағ боқӣ мондааст, ки ин миқдор 7 дарсад аз ҳаҷми умумии қарзҳояшонро ташкил медиҳад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» агроном-коршиноси бонк Раҷабалӣ Кулабеков иттилоъ дод, соли гузашта «Амонатбонк» ба 225 хоҷагии пахтакори 4 ноҳияи минтақа 8 млн. 220 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард ва танҳо бар асари коҳиши нархи нахи пахта як қатор хоҷагиҳо аз ӯҳдаи иҷрои пардохти қарз набаромадаанд. «Дар мавсими соли равон бонк ба 185 хоҷагии деҳқонӣ, ки соли гузашта низ мизоҷони бонк буданд, маблағи қарзӣ ҷудо кард», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мудири шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақа Абдукарим Неъматов, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи муассисаҳои молиявии минтақа ба маблағи умумии 49 млн. 808 ҳазору 521 сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 30 млн. сомонӣ камтар мебошад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.